Нашри аксҳои ҷасади Абубакри Бағдодӣ дар ВАО
Шабакаи телевизионии Эрон, IRIB дар сомонааш аксҳои ҷасади Абубакри Бағдодӣ, роҳбари гуруҳи террористии “ДОИШ”-ро нашр кардааст.
Қаблан иттилоъ дар бораи марги Бағдодӣ чанд бор дар расонаҳо нашр гардид. Ахиран Вазорати мудофиаи Русия изҳор дошт, ки Бағдодӣ эҳтимол дар пайи зарбаи ҳавоии ҳавопаймоҳои Су-35С ва СУ-34 дар Раққа кушта шуд.
Низомиёни Эрон низ ҳалокати Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии ДОИШ-ро тасдиқ кардаанд.
Алӣ Шерозӣ, фармондеҳи воҳиди “Қудс”-и нерӯҳои посдори инқилоби Эрон, гуфтааст, раҳбари гуруҳи террористии ДОИШ дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба ҳалокат расидааст. Ӯ таъкид намудааст, ки террорист Бағдодӣ бешубҳа мурда аст ва қайд кардааст, ки ин маълумот аз бисёр сарчашмаҳо тасдиқ гардид.