Сабукӣ ба тоҷирони зарардидаи бозори Корвон
Тоҷирони бозори Корвон, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл хисорот дидаанд, ду сол аз пардохти хароҷотҳои бозор озод шудаанд. Ин нукта имрӯз, 3 июл дар дидори тоҷирон бо масъулини шаҳрдорӣ таъкид шудааст.
Як манбаъ аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” гуфт, дар ин дидор ба маъмурияти бозори Корвон супориш дода шуд, то давоми ду сол тоҷирони зарардида аз пардохтҳои бозор, монанди маблағи иҷора ва "чек" озод шаванд: "Инчунин ваъда шуд, ки мағоза ва нуқтаҳои савдои зарардида давоми 20 рӯз барқарор мешаванд".
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори шоми 2 июл дар бозори Корвон дар пайи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада ва масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ба иттилои ин ниҳод, сӯхтор соати 20:03 ба амал омада, дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд: “Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд”.
Тоҷирони бозор мегӯянд, сӯхтор аз дарвозаи шашум, ҷойе ки либосу пойафзол фурӯхта мешавад, шурӯъ шудааст
Ин бори аввал нест, ки бозори Корвон оташ мегирад. Шурӯъ аз соли 2010 дар ин бозор тақрибан шаш маротиба сӯхтор сар задааст. Дар пайи сӯхтори 5 сентябри соли 2012, ки дар қисмати яклухтфурушии ин бозор ба вуқӯъ пайваст, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардид. Бино ба хабарҳо дар ин ҳодиса як нафар ҳам ҳалок ва чор каси дигар захмӣ шуда буданд. Он замон Оҷонсии давлатии "Ховар" бо такя ба иттилои Додситонии кулли кишвар гуфт, ки мутахассисон муайян кардаанд, “Корвон”-ро қасдан оташ задаанд: "Бозорро фарди номаълум бо истифода аз солярка оташ задааст".
Бар иловаи бозори Корвон дар гузашта бозорҳои дигари Душанбе ҳам шоҳиди сӯхтор шудаанд. Барои мисол 10 октябри соли 2008 ва шаби 8 ба 9 майи соли 2011 дар бозори “Шоҳмансур” ва моҳи ноябри соли 2010 дар бозори “Саховат” сӯхтор ба амал омад.