Доғистон ба Тоҷикистон муаллими забони русӣ, риёзӣ, информатика мефиристад
Вазорати маориф ва илми Доғистон хабар додааст, ки як гуруҳ аз омӯзгорони русро барои кор ба Тоҷикистон мефиристад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, барои кор дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ муаллимони забони русӣ, риёзӣ, информатика, физика, биология, кимиё бо таҷрибаи на камтар аз 5 сол даъват мешаванд. “Ҷониби Тоҷикистон муваззаф мегардад, ин омӯзгоронро бо манзил ва музди меҳнат (баробар бо маоши миёнаи муаллимони маҳаллӣ, тақрибан 14 ҳазор рубл) таъмин намуда, инчунин маблағи барои парвоз ба ин кишвар масрафшударо пардозад”,-менависад, торнамои РИА Дербент.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати маорифи Русия дар навбати худ бо ин омӯзгорон қарордоди ҳамкорӣ имзо мекунад. Дар ин шартнома ба муаллимон пардохти 60 ҳазор рубл музди меҳнат, суғуртаи тиббӣ ва пардохти маблағи интиқоли боғоҷи онҳо кафолат дода мешавад. Муҳлати шартномаи омӯзгорони рус як сол бо имкони тамдиди он нишон дода шудааст.
Аз муаллимони Доғистон, ки хоҳиши кор дар Тоҷикистонро доранд, даъват шудааст, шарҳи ҳол ва акси худро то 5 июли соли равон ба вазорат ирсол кунанд.
Гуфта мешавад, омӯзгорони рус дар литсейҳои президентии Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт.
Моҳи сентябри соли 2013 Константин Косачёв, масъули “Россотрудничество” ба расонаҳо гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳукумати Русия хоҳиш кардааст, то Тоҷикистонро бо муаллимҳои забони русӣ таъмин кунад.
Акс аз интернет