Сӯхтор дар бозори Корвон хомӯш карда шуд
Тоҷирони бозори Корвон мегӯянд, алангаи сӯхтор хомӯш карда шуд.
Сӯхтор дар бозори Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе шаби 2 июл сар зад. Як тоҷири ин бозор чанд дақиқа пештар ба "Озодагон" гуфт, оташнишонҳо сӯхторро хомӯш карданд: "Танҳо дар баъзе ҷойҳо алангаи пасти оташ дида мешавад".
Қаблан, шоҳидони ҳодиса ба “Озодагон” гуфтанд, сӯхтор аз дарвозаи маъруф ба 6-и ин бозор сар зада ва бо суръат идома дорад. “Сӯхторнишонҳо алъон ба хомуш кардани он муваффақ нашудаанд”,-гуфт як шоҳиди ҳодиса дар суҳбати телефонӣ. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, сӯхтор нахуст аз дарвозаи ҳафтум сар задааст.
Ин бори аввал нест, ки бозори Корвон оташ мегирад. Шурӯъ аз соли 2010 дар ин бозор тақрибан шаш маротиба сӯхтор сар задааст. Дар пайи сӯхтори 5 сентябри соли 2012, ки дар қисмати яклухтфурушии ин бозор ба вуқӯъ пайваст, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардид. Бино ба хабарҳо дар ин ҳодиса як нафар ҳам ҳалок ва чор каси дигар захмӣ шуда буданд. Он замон Оҷонсии давлатии "Ховар" бо такя ба иттилои Додситонии кулли кишвар гуфт, ки мутахассисон муайян кардаанд, “Корвон”-ро қасдан оташ задаанд: "Бозорро фарди номаълум бо истифода аз солярка оташ задааст".
Бар иловаи бозори Корвон дар гузашта бозорҳои дигари Душанбе ҳам шоҳиди сӯхтор шудаанд. Барои мисол 10 октябри соли 2008 ва шаби 8 ба 9 майи соли 2011 дар бозори “Шоҳмансур” ва моҳи ноябри соли 2010 дар бозори “Саховат” сӯхтор ба амал омад.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД