АКС: Қадрдонии чӯпон барои наҷоти сокинони 1 деҳа дар Панҷакент
Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, як чӯпоне, ки сокинони деҳаи “Амондара”-и шаҳри Панҷакентро аз фаромадани сел огоҳ карда, ҷонашонро наҷот додааст, медали фахрӣ тақдим намуд.
Шаҳзода Бутаева, масъули Кумита гуфт, Бобохон Маллахонов, ки дар кӯҳ ба чаррондани чорво машғул буд, аҳолиро аз омадани сел хабардор намуда, талафоти ҷониро пешгирӣ намуд.
Манбаъ афзуд, медали фахрӣ ба Маллахонов барои ҳушёриву зиракӣ ва рафтори қаҳрамононааш супорида шуда, ҳамчунин бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ҳукумати вилоят қадр карда шуд.
Манбаъ афзуд, ҳодиса шоми 26 июн дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент рух дода, ба 70 манзили истиқоматии аҳолӣ селоба даромада зарари худро расонид: “3 адад хона пурра, 4 адад қисман ва 10 хона дар ҳолати омӯзиш аз тарафи комиссия қарор дорад. Хонаҳои боқимонда ба ҳавлиҳояшон селоба даромадааст, роҳи байни деҳавӣ ва заминҳои кишти зироат ва наздиҳавлигии аҳолӣ зарар дидаанд”.
Масъулини Кумита изҳор доштанд, ки феълан барои расонидани кӯмаки иловагӣ аз ҷониби Ҳукумат ва бо дастгирии “Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ” кӯмаки маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, намак ва ғайраҳо расонида шуд. Айни ҳол зарари расонидашуда ба аҳолӣ ҳисоб мешавад”.