Тағйирот: Аз вазифаи нави котиби Э.Раҳмон то барканории котиби Расулзода
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзодаро раиси Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Амирбекзода Ҳабибулло, муовини якум ва Амонзода Ширини Шодӣ муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардиданд.
Абдуғаффорзода хатмкардаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буда, солҳои 1998-2008 дар Вазорати энергетика ва саноат кор кардааст. Солҳои 2008-2009 дар ташкилоти қарзи “Имон Интерншнл” ва солҳои охир дар мақоми раҳбари котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ фаъолият намудааст. Роҳбарии ин Шӯроро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар афзуд, ки Махсудҷон Махкамзода аз вазифаи мудири Котиботи сарвазири Тоҷикистон барканор гардид. Дар мавриди вазифаи нави Маҳкамзода то ҳол иттилое нашр нашудааст, аммо интизор меравад, ки ӯ ба ҷои Абдуғаффорзода раиси котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ таъин карда шавад.