Тағйироти кадрӣ: Аз нафақаи Саидзода то мақомҳои нави Шерзодаю Абдурашидзода
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи равон баъзе тағйироти кадриро амалӣ кардааст.
Тибқи қарорҳои имзонамудаи раисиҷумҳури Тоҷикиситон Саидзода Каромат Назар ба далели нафақа, аз мақоми муовини раиси “Тоҷикстандарт” озод шуд. Шерзода Ситора Ҷалол, муовини нави раиси “Тоҷикстандарт” таъин гардидааст.
Инчунин тибқи қарори ҳукумат Фарҳод Абдурашидзода, раиси нави Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа шудааст. Абдурашидзода дар ин мақом Маъруф Маҳмудзодаро иваз намуд, ки тибқи иттилои расмӣ ахиран бо ихтиёри худ аризаи аз кор рафтанашро пешниҳод кардааст ва раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфояшро пазируфтаст.