Ҳушдори ВКД: Ба мактубҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед!
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз паҳн шудани вируси тахрибкори “Petya” ҳушдор додааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия дар сомонаи расмиаш навиштааст, вируси “Petya” низ дар шабакаи интернет монанди вируси “WannaCry” паҳн мешавад.
Манбаъ одитарин усули ҳифзи компютерҳо аз вируси “Petya” ва вирусҳои ба он монандро ҷавоб надодан ва боз накардани мактубҳои шубҳаноки аз ҷониби шахсони ношинос омада гуфтааст: “Дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) намоед”.
ВКД аз сокинони кишвар хостааст, бодиққат бошанд, windows ва таъмини барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ намоянд.
Қаблан расонаҳо аз паҳн шудани вируси “WannaCry” бо суръати бесобиқа дар саросари ҷаҳон хабар доданд. Он замон гуфта шуд, ин вирус ба Тоҷикистон ҳам расида ва чанд компютерро хароб кардааст.