Евро марзи 1000-ро убур кард, доллар бетағйир аст
Қурби рубли русӣ давоми даҳ рӯзи гузашта дар бозори асъори кишвар ҳудуди 5 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Арзиши доллар бетағйир аст ва аммо евро марзи ҳазор сомониро убур кард.
Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар қурби рубл поин рафта, имрӯз, 29 июн 0,1475- 0,1489 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин нишондиҳанда даҳ рӯз қабл 0,1515-0,1530 ва охири моҳи гузашта ба 0,1535-0,1550 баробар буд.
Бонкҳои Тоҷикистон 29 июн, қурби як долларро расман 8,79-8,81 сомонӣ муайян намудаанд, ки нисбати чанд рӯзи ахир бетағйир мондааст. Аввали моҳи равон арзиши доллар дар овезаҳо 8,81-8,83 сомонӣ нишон дода мешуд. 1 евро, ки ҳафтаи гузашта 9.8528 сомонӣ буд, имрӯз ба 10,0100 сомонӣ расидааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8.8090 сомонӣ, 1 евроро = 10.0167 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1456 сомонӣ муайян намудааст.