Таъсиси утоқҳои намоз барои мактабҳои Туркия ҳатмӣ шуд
Вазорати маорифи Туркия мактабҳои давлатии ин кишварро муваззаф кардааст, утоқҳои намозгузорӣ таъсис бидиҳанд.
Ба иттилои расонаҳои исломӣ, ин утоқҳо бояд барои писарон ва духтарон алоҳида бошад. Дар дастури Вазорати маориф гуфта шудааст, утоқҳо барои намозгузорӣ набояд дар таҳхона ё биное, ки нури офтоб намерсад, таъсис дода шавад.