Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳури Тоҷикистон, ин нишаст ба солгарди 20-солагии таъсиси ИДМ бахшида шуда буд ва онро ба ҳайси роҳбари кишвари раис дар ин созмон президенти ҶТ ифтитоҳ кард. Қарор шуд, ки минбаъд раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад. Зимнан, сарони давлатҳо зарурати рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши ҳамкориро дар доираи он таъкид намуданд.
Ҳамзамон, қабл аз ин райисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Бино ба иттилои расмӣ дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои созмонро президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт. Дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмон баррасӣ шуд. Сарвари ҳукумати ҶТ зарурати таъмини дастаҷамъонаи амният дар қаламрави СААД, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таҳкими минбаъдаи нерўҳои муштараки зудамали созмон бо техника ва аслиҳаи муосири ҳарбӣ, мусоидат ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси сохторҳои низомию амниятии кишварҳои аъзо ва таъсиси додани Кумитаи ҳарбии созмонро дастгирӣ намуд.
Манбаъ афзуд, натиҷаи асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои СААД ин аст, ки минбаъд кишварҳои аъзои он танҳо бо розигии ҳамаи давлатҳои ин созмон метавонанд, пойгоҳи низомии давлатҳои дигарро дар ҳудуди худ ҷойгир кунанд.