Ҳалокати як сокини 55-солаи ноҳияи Айнӣ дар пайи сел (АКС)
Як сокини деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ дар пайи сел ба ҳалокат расидааст.
Сокинони ин русто ба “Озодагон” гуфтанд, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи гузашта (27 июн) дар пайи борону жолаи шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои онҳо Насриддин Ҷӯраеви 55-сола замоне миёни сел мондааст, ки дуртар аз деҳа ба ҷамъоварии ҳезум машғул будааст: “Ҷасади ӯро субҳи имрӯз аз поини деҳаи Вашан пайдо карданд”.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи борони зиёд шоми 26 июн 10 манзил дар деҳаи Амондараи Панҷакент зери лой ва гили ғализ мондаанд. Аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Ба иттилои манбаъ, комисияи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад. Сокинони деҳа ба ҷойи амн кӯч дода ва ба онҳо кумакҳои аввалия ба мисли ғизо ва доруворӣ тақсим шудаааст.Акси аввал намое аз деҳаи Вашан. Аксҳои дигар аз деҳаи Амондараи Панҷакент