Манбаъ афзуд, ин тарҳ имконият дод, ки маоши кормандон зиёд гардад. Ҳоло якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла роҷеъ ба истеҳсоли дорувориҳо барои чорво, рушди саноати бофандагӣ, истеҳсоли мебелҳо, истеҳсоли плитаҳои мармарӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 5 ёддошти тафоҳум бо Донишкадаи давлатии вилояти Ивановск, ширкати сохтмону саноати Забайкалски шаҳри Читаи Федератсияи Русия, бо як ширкати ҷумҳурии Чин, ВСО–и Тоҷикистон ва Фонди ОКА-и Русия баста шудааст.