Афзоиши қурбониёни мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати боз як духтари навраси дигар ҳангоми оббозӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ шоми 22 июн духтарчаи 16-сола, сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёи «Кофарниҳон» аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи равон ВКД аз ғарқшавии 3 ноболиғи дигар хабар дода буд. Бино ба иттилои расмӣ дар маҷмуъ аз аввали соли равон наздики 50 ноболиғ ҳангоми оббозӣ, ё дар пайи беэҳтиётии волидонашон ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки ҳангоми оббозӣ дар ҷӯю ҳавз ва кӯлу дарёҳо боэҳтиёт бошанд ва ноболиғонро беназорат нагузоранд.