Маҷмӯаи таронаҳои Президент ба савдо баромад (ВИДЕО)
Ширкати русиягии “Мелодия” нахустин албоми таронаҳои Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистонро ба фурӯш баровардааст.
Lenta.ru менависад, ин маҷмӯа “Ба рағми тақдир” (“Судьбе назло”) ном дошта, 300 рубли русӣ арзиш дорад. Ин албом аз 10 суруд -- “Ба рағми тақдир”, “Бе ту наметавонам зист”, “Ман аз марг наметарсам”, “Чудак”, “Рита”, “Тарона дар васфи Соли куҳан (31 декабр)”, “Зани дигар”, “Паррандаи паррондашуда”, “Шуморо дӯст медорам”, “Ҳавлии куҳан” иборат аст.
Моҳи июли соли 2016, Отамбоем се клипаш бар таронаҳои “Ба рағми иақдир”, “Бе ту наметавонам зист” ва “Аз марг наметарсам”-ро муаррифӣ карда буд. Он замон ӯ изҳор дошт, баъди итмоми президентӣ ба фаъолияти эҷодӣ машғул хоҳад гашт.