Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июн дар арафаи Иди саиди фитр аз Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб - интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб - интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.
Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдакони маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳамасола тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии ҳукумат мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд: “Аз ҷумла, 6 нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар давлатҳои Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ба дарозӣ ҷаҳидан иштирок карда, 6 медали тилло ва 7 медали нуқра ба даст оварданд”.
Дар доираи боздид раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ҳукумат супориш додааст, ки дар заминаи Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму зисти тарбиятгирандагон лоиҳаи бунёди бинои иловагии наву замонавии 4 ошёна бо 300 ҷой таҳия намояд.