Ҳалокати сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода бар асари садама
Зафар Ашрапов, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, ҳодиса 16 июн дар масири Ҷамоати Ёва ба Хуҷанд рух додааст. Ба иттилои манбаъ, Ашрапов идораи “Мерседес-Бенс”-ашро аз даст дода, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст: “Дар пайи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Суғд низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, Ашрапов 35 сол дошт ва аз соли 2016 раҳбарии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Спитаменро бар душ дошт.