Ҳалокати 2 кӯдаки тоҷик аз зарби “шамолдиҳак” ва бозӣ бо “розетка”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи нохуш хабар доданд, ки бо марги писарчаҳои 2 ва 13-сола анҷомидаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 22-юми июн, тахминан соати 11:10, писарбачаи 13-сола, сокини деҳаи Сафарбоёни ноҳияи Темурмалик, хонандаи синфи 6, аз зарби қанотҳои шамолдиҳаки барқӣ ба ҳалокат расидааст: “Ҳангоми хушк кардани муй ногаҳон сари писарбача ба қанотҳои “шамолдиҳак»-и барқӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки инчунин 22-юми июн, тахминан соати 09:30, хурдсол, писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми бозӣ мехчаро ба сурохии “резетка” ворид намудааст: “Дар натиҷа хурдсол аз ҷараёни қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки нисбати фарзандони хурдсол ва ноболиғи худ бодиққат буда, онҳоро беназорат нагузоранд.