Чемпионати 20-уми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.
Бино ба иттилои расмӣ то поёни ин сабқат ҳамагӣ се бозии дигар боқӣ мондааст. Тавре Шавкат Ахмедов, масъули баргузории бозиҳои ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, қарор аст, ки ин навбат рӯзҳои 22-юм ва 24-уми декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Равшан»-и Кӯлобро қабул кунад. Рӯзи 28-уми декабр бозии охирони мусобиқот миёни «Истиқлол» ва тими «Регар-ТадАЗ» сурат мепазирад. Гуфтанист, пас аз анҷоми бозии охирини мусобиқот ғолибон ва бозингарони беҳтарин қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дастаи «Истиқлол» аз 37 бозӣ 99 имтиёз ба даст оварда, новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш (ду бозӣ бо «Равшан»-и Кӯлоб ва як дидор бо «Регар»-и Турсунзода) қаҳрамони Тоҷикистон дониста шуд. Тими «Регар» бо 95 имтиёз ва як бозии боқимонда мақоми дуюмро касб кардааст. Дастаи «Равшан», ки бо 89 имтиёз дар зинаи сеюм ҳаст, боз ду бозии дигари мавқуфмонда дорад. Дастаҳои «Регар» ва «Равшан», ки ҳадди аққал бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, барои дарёфти медалҳои нуқра талош мекунанд.