Ихтисори нозирони "Барқи тоҷик" барои коҳиши талафот
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи 34,4 миллион доллариро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба тасвиб расонд, ки ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд равона шудааст.
Ғолиб Убайдзода, муовини раиси “Барқи тоҷик”, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, аллакай барнома мавриди амал қарор гирифтааст ва натиҷаҳои мусбат дода истодааст. Ӯ гуфт, дар доираи лоиҳа идораи нерӯи барқ аз як марказ сурат мегирад ва корҳои маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд: “Ҳисобкунакҳои муосир насб мешаванд. Мардум пулро на ба нозир, балки бевосита ба бонк месупорад”.
Ба гуфтаи Убайдзода дар пайи ин иқдом аллакай 97 нозири барқ аз кор озод шуданд, ё ба кори дигар гузаштанд.
Ба суоли Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, ки чаро бо насби ҳисобкунакҳои нав хароҷоти мардум афзоиш ёфт, Убайдзода гуфт, ҳисобкунакҳои куҳна фарсуда шуда буданд ва бархе аз хароҷоти нерӯи барқро сабт намекарданд: “Ҳисобкунакҳои нав кӯчактарин харҷи нерӯи барқро ба ҳисоб мегиранд”.