Ошкор шудани садсомонаҳои қалбакӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони 21-сола бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин ҷавонон 18 июни соли 2017 ҳангоми ба муомилот баровардани 24 купюраи 100 сомонаи қалбакӣ дастгир шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, ташхис нишон дод, ки купюраҳои мусодирашуда қалбакӣ буда, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд: “Далели шайъӣ се адад принтер ва 170 метр қоғази махсус гирифта шуд”.
Вазорат мегӯяд, нисбати гумонбаршудаҳо бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.