Таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон зиёд шудааст
Тоҷикистон бори аввал ба 50-гонаи кишварҳое шомил шуд, ки русҳо ба сайёҳат рафтан мехоҳанд.
Дар рейтинге, ки таҳлилгарони Ожонсии сайёҳии “Турстат” тартиб додаанд, Тоҷикистон мақоми 41-ро ишғол мекунад. Ба иттилои расонаҳои Русия, ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон ба ин раддабандӣ ворид мешавад. Ба иттилои "Турстат", шурӯъ аз аввали соли равон 22 ҳазор сайёҳи Русия аз Тоҷикистон дидан кардаанд. Ин дар ҳолест ки Узбакистон, ки дар гузашта миёни сайёҳон хеле маъруф буд, ҷойи 42-ро муаррифӣ мекунад. Ба ин кишвар 21 ҳазор сайёҳ истироҳат омадааст.
Таҳлилгарони ин ширкати сайёҳӣ гуфтаанд, таваҷҷуҳи туристҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба вазъи обу ҳаво бештар рабт дорад. Баҳори сард ва тобистони боронӣ ҳатто сайёҳонеро ба кишварҳои гарм бурд, ки қасд доштанд, дар хонаҳояшон истироҳат кунанд. Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта дархостҳо барои сайёҳат 20 дарсад афзудааст. Бештари шаҳрвандони Русия барои истироҳат кишварҳои Осиёи марказиро интихоб кардаанд, ки раводид лозим нест ва ҳам харҷи хеле кам дорад.