Шарҳи расмии садамаи пурқурбонӣ дар Восеъ: “Мерседес” муқобил баромад...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Восеъро, ки 7 кушта барҷой гузошт, шарҳ дод.
Тибқи иттилои ВКД 18-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадаааст: “Дар пайи баромадан ба самти муқобил “Мерседес” ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва се нафар мусофирони автомашинаи «Мерседес-бенс», синну солашон 22-24-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ва мусофири он марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ афзуд, мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-бенс», ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.