Ғарқшавии модару духтар ва 4 нафари дигар дар рӯзҳои истироҳат
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон боз 6 нафари дигар ғарқ шуданд, ки 3 нафарашон ноболиғон мебошанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 17-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:35, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара ва духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ инчунин 18-уми июн, тахминан соати 14:00 сокини 56-солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” ғарқ шудааст. Нафари чоруме, ки рӯзи шанбеи гузашта ғарқ шудааст, марди 26-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад: “Ӯ ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир”, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шудааст”.
Инчунин писарбачаи 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ соати 12:30 ба канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст: “Дар баробари ин 18-уми июн, тахминан соати 15:00, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ҷон додаст”.