Роҳбандӣ дар рӯзи Ваҳдат: БДА роҳҳои иловагиро нишон дод
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки 27-уми июн зимни таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои БДА дар рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 07:00 то соати 21:00 маҳдуд мегардад.
Масъулини БДА ба ронандагон маслиҳат додаанд, ки аз роҳҳои иловагии зерин истифода баранд:
Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе:
- Данғара - Қӯрғонтеппа – Душанбе;
- ағбаи Чормағзак – Ёвон – Душанбе;
- деҳаҳои Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рудакӣ - Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе:
- деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод - Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рӯдакӣ – шаҳри Душанбе;
Аз самти шаҳри Душанбе – ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт:
- х.Ленингради н.Рӯдакӣ - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил – Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат;
- маҳаллаи Обшорон – заводи шифери километри 9-ум - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил - Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.