АКС: Шиорҳои Рӯзи Ваҳдат дар Ваҳдат
Имсол чорабиниҳои аслии таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат сурат мегиранд. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам 27 июн ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар маросими идона иштирок кунад. Зимнан, ҳамарӯза садҳо хонандаи мактаб дар ҳавои тафсон ба “маршировка” меоянд ва сохтмончиҳо барои то он рӯз омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ талош мекунанд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳам бо шиору овезаҳо “рангин” шудааст. Дар бештари овезаҳо акси Президент ва ё ҳарфҳои ӯ сабт ёфтаанд. Хабарнигори “Озодагон” чанд аксе аз ин шиору овезаҳо бардоштааст, ки пешниҳоди хонандаҳо низ мешавад.