Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба сабқати Осиё-2018 Мубин Эргашев омода мекунад
Мубин Эргашев сармураббии тими ҷавонон (U-19) таъйин шудааст. Ӯ сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор ҳам ҳаст.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, вазифаи аввалиндараҷаи Эргашев ба мусобиқоти Осиё-2018 омода кардани мунтахаби ҷавонони кишвар аст. Ба иттилои манбаъ, нахустин тамрини яккачини кишвар зери роҳбарии ӯ то 25 июн дар Бишкек мегузарад.Сармураббии нав ба ҳайати мунтахаби ҷавонон 22 бозигарро даъват карда, дар давраи омӯзишӣ дар Бишкек ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқоти Осиё-2018 дар гуруҳи “B”бо яккачинҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Малдив рақобат мекунад.
Мубин Эргашев, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва яккачини Тоҷикистон аввали моҳи ҷорӣ сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Виталий Левченкоро иваз намуд, ки чанде пеш ба ҳайати мураббиёни дастаи “Крыльев Советов”-и Самараи Русия гузашт.
Дастаи “Истиқлол” зери роҳбарии Эргашев ду маротиба (2014 ва 2015) унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гашт. Мубин Эргашев дар гузашта дар дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ҳам кор кардааст.