“Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки имкони поин бурдани нархи Интернетро аз байн мебарад”
Коршиносон боло рафтани арзиши истифодаи интернетро дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур намедонанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки ҷаҳонӣ нархеро, ки сокинони Тоҷикистон барои интернет пардохт мекунанд, яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон унвон кард.
Ханс Тиммер, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ аснои муаррифии гузориши “Истифодаи интернет барои рушд дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” изҳор дошта, ки “арзиши умумии обуна барои интернет дар Тоҷикистон 16%-и даромади моҳонаро ташкил медиҳад”.
Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, гаронии интернет на аз операторҳо, балки аз дастраскунандаҳо вобаста аст: “Операторҳо ҳавасманданд, ки ба аҳолӣ интернети арзонтар пешниҳод гардад, то теъдоди бештари мардум аз он истифода баранд”.
Ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир танҳо 17%-и аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасии доимӣ доранд.
Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” нархи гарони интернетро ба “болоравии андоз, ҷорӣ намудани аксизи панҷфоиза ва бо нархи гарон харидори намудани хатти транзитии интернет аз Қирғизистон” рабт дод. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Тоҷикистон канали транзитии интернетро аз Қирғизистон бо нархи гаронтар мехаранд: “Ҳар давлате, ки хатҳои транзитӣ ба воситаи он мегузаранд, ҳатман нархи худро мегузорад ва ин ба гароншавии нарх таъсир мерасонад”.
Аммо бархе аз коршиносон иддао доранд, далели гаронии арзиши интернет таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ дар моҳи декабри соли 2015 аст.
Ғафур Эркаев ҳам мегӯяд, вақте интернет тавассути ин марказ мегузарад, ҳатман харҷи он ба шонаи муштариён бор мешавад.
Бар асоси як Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабари соли 2015 таҳти №765 “Дар бораи Маркази ягонаи комуникатсионии алокаи барқӣ” минбаъд “гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи комуникатсионии алокаи барқии оператори давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба роҳ монда мешавад”.
Дар доираи қарори мазкур ширкатҳои интернетӣ вазифадоранд, ки ба “Тоҷиктелеком” ҳар моҳ маблағи муайянеро пардохт намоянд. Коршиносон мегӯянд, ин марказ ҳанӯз нархи ягона ва муайянеро барои гузаронидани трафик ҷорӣ накардааст, аз ин рӯ эҳтимоли боло рафтани нархҳо вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” мегӯяд, онҳо талош мекунанд, бо пешниҳоди бастаҳои гуногун арзиши интернетро барои муштариён то андозае арзон нигаҳ дорад, “вале омилҳои зиёде мавҷуданд, ки арзиши интернетро боло мебаранд ва имконияти поён овардани нархи интернетро аз байн мебаранд”.
Ба қавли Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар Тоҷикистон имкони поин бурдани арзиши истифодаи интернет мавҷуд аст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо Хадамоти алоқаро зарур аст, ба ширкатҳои хусусӣ имкон диҳад, то тавассути марзҳои Афғонистону Чин хатҳои интернетро бикашанд: “7-8 сол мешавад, ки “Вавилон-Т” хати интернет аз Душанбе то Панҷро кашидааст, аммо ҳанӯз барои фаъол кардани он иҷозат нагирифтааст”.
Ӯ меафзояд, ҳар қадар хизматрасонии дастрасии интернет аз кишварҳои дигар зиёд гардад, арзиши интернет ҳамон андоза поин меравад.