Милисаҳо аз оғили сокини Мурғоб пӯст ва шохи “Архар” ёфтаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 41-солаи ноҳияи Мурғоб бо иттиҳоми шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи зимистонаи ӯ, воқеъ дар мавзеи кӯҳии ноҳия як адад пӯст ва шохи ҳайвони нодири “Архар”, ки арзишаш 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шудааст.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Архар ё “Марко Поло” асосан дар минтақаи Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнони Тоҷикистон мавҷуд аст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист теъдоди ин ҳайвон дар кишвар ҳудуди 24 ҳазор сар буда, он ба Китоби сурх ворид шудааст. Арзиши қонунии шикори як гӯсфанди “Марко Поло” 45 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст