Эълони номи довталабони унвони академик
Академияи илмҳои Тоҷикистон исми довталабонеро, ки дар интихоботи академик ва аъзо-корреспондентҳои ин ниҳод ширкат мекунанд, эълон намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, барои унвони академикӣ 8 номзад ва барои унвони аъзо-корреспондентҳо 103 номзад пешбарӣ шудаанд: “Имсол дар назар аст, ки 5 нафар академик ва 35 нафар аъзо-корреспондент интихоб гарданд”.
Манбаъ афзуд, довталабони унвони академикӣ Зарулло Раҳмонов, Ҳикмат Муминов, Ҳамидҷон Абдуллоев, Абдуманон Абдуллоев, Қурбон Алиев, Юсуфшо Яқубов, Муллоаҳмад Мирзо ва Ҷӯрабек Назриев мебошанд.
Ба иттилои Академия, ҳамаи довталабон аз рӯи ихтисос зери қаноти се комиссия - комиссияи экспертии физика, химия, математика, геология, комиссияи биология ва тиб ва комиссияи илмҳои ҷамъиятӣ ҷамъ омадаанд: “Комиссияҳо марҳилаи аввали кори худро ба анҷом расонидааст ва марҳилаи дуюм, мубориза барои ҷой тахминан миёнаҳои моҳи июл баргузор мегардад”.
Синни довталабон аз 35 то 80-соларо ташкил медиҳад.