Боздошти корманди андоз барои тамаъҷӯӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф.М, корманди идораи андози шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод масъули андози Душанбе барои пинҳон доштани камбудии кори як соҳибкор дар пойтахт аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб карда, 30 ҳазор сомонияшро гирифтаст: “Корманди андоз ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонии боқимонд дастгир шуд”.
Манбаъ афзуд, далелҳои шайъӣ аз муттаҳам дарёфт гардида, тафтиши қазия идома дорад.