Садамаи маргбори "Ҳундай”-и ҳомили 5 ҷавони тоҷик (АКС)
"Ҳюндай Солярис”, ки ҳомили 5 ҷавони тоҷик будааст, дар вилояти Саратови Русия чаппа шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия дар пайи садама ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гашта, се тани дигар захмӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ фоҷеа субҳи имрӯз 15 июн, тақрибан соати 3:40 дар наздикии деҳаи Ионичёвкаи ноҳияи Петровский шоҳроҳи Саратов - Нижний Новгород рух додааст.
Ба навиштаи расонаҳои Русия ҳалокшудагон ҷавонони 19 ва 22-сола буда, маҷруҳон аз 25 то 27 сол доранд: “Мошин, таҳти идораи ҷавони 25-сола аз роҳ берун рафта, чаппа гардидааст. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.