- Вақте ҳайати оташнишонон ба ҷойи ҳодиса расид, аллакай боми оҳанини бино ба поён фурӯ рехта буд. Оташ бар асари боди сахт дар чанд лаҳзаи кӯтоҳ тамоми биноро фарогир буд. Дар кори наҷотдиҳӣ ва оташнишонӣ 70 нафар отшанишонон, 12 бушкаҳои оташнишонӣ ва 22 адад нақлиёт сафарбар карда шуд, -илова мекунад, манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, додситонии минтақаи Енисей ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст. Феълан, танҳо 1 сабаби сар задани сӯхтор-расиши ноқилҳои барқӣ тахмин карда мешавад. Аммо мақомот дигар фарзияҳоро низ баррасӣ хоҳад кард,- гуфтааст додситонӣ. Аллакай додситонӣ ошкор кардааст, ки фурудгоҳ барои фаъолияти оташнишонӣ муҷаввиз надоштааст.