Дар толори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи 90-уми маҳфили адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки устодону донишҷӯёни факулта баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», сараввал дотсент Низомиддин Муродӣ дар бораи навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ сухан гуфта, сипас профессор Атахон Сайфуллоев ба муносибати 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, саҳми шоир дар густариши ҷаҳонии адабиёти тоҷик маърӯза кард.
Ҳамчунин, оиди фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2011 ва нақшаи соли 2012 тариқи минбари озод таҳлил, нақд ва пешниҳодҳо баён шуданд.Маҳфилро сарояндагони суруду навои классикӣ шукӯҳ бахшид ва дар охир барои фаъолони маҳфили «Ганҷи сухан» тӯҳфаҳои райиси вилоят тақдим гардиданд.