Донишманди тоҷик бо медали "Нобел" қадр шуд
Ҳаким Ғаюров, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои бо медали “Нобел” қадрдонӣ шудааст.
Аз ин донишгоҳ ба “Озодагон” гуфтанд, Ғаюров ин медалро барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз Академияи илмҳои табиатшиносии шаҳри Маскави Русия дарёфт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳаким Ғаюров бо назардошти тадқиқоти илмӣ, ба нашр расонидани дастурҳои илмию методӣ, таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, ихтироот ва дигар дастовардҳо дар оғози соли хониши 2016-2017 бо унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Русия мушарраф гардид. Манбаъ афзуд, инчунин “аз рўйи нишондоди таълифот, навовариҳо дар соҳаи маориф, ташаккул ва ташкили ихтисосҳои замонавӣ ба роҳ мондани раванди таълим бо назардошти технологияи муосир ӯ бо мукофоти байналмилалии “Корманди хизматнишондодаи илм ва маориф” қадршиносӣ шуда, ахиран барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз тарафи Академияи илмҳои табиатшиносии шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо медали ба номи Алфред Нобел сарфароз гардидааст.