Наҷоти Зиёраддин: Хоҳараш гурдаашро медиҳад, аммо ними пули ҷарроҳӣ намерасад
Момагул Мирзоева, модари Зиёраддини 34-сола мегӯяд, барои наҷоти ягона писари хонавода, духтараш ҳозир шудаст, гурдаашро ба бародар диҳад, аммо барои анҷоми ҷарроҳӣ 20 ҳазор сомонии дигар намерасад. Мирзоева мегӯяд дар баробари харҷи табобат хонавода тавонист, 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ кунад, аммо барои анҷоми ҷарроҳӣ табибон 40 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Ӯ афзуд, дар бонкҳо ба ӯ қарз надоданд ва акнун барои пайдо намудани 20 ҳазор сомонии боқимонда, танҳо умедаш ба ҳамватанони саховатманд мебошад.
Зиёраддин Шукуров, сокини 34-солаи ноҳияи Ёвон, мебошад, ки бар асоси ташхиси табибон гурдаҳояш аз кор монда истодаанд ва бояд фавран иваз карда шаванд.
Модари Зиёраддин мегӯяд, писараш се моҳ боз ба ин дард гирифтор шуд: “Ҳолаташ якбора вазнин шуд. Ба беморхона бурдем, табибон дар пайи ташхис гуфтанд, ки гурдаҳояш корношоям шуда истодаанд. То ҳол дар клиникаи Мансуров дар бистари беморист. Табибон мегӯянд ҳарчи зудтар ҷарроҳӣ бояд кард, нархи ҷарроҳиро 40 ҳазор сомонӣ гуфтанд. Аммо ман то имрӯз ҳар чи доштам сарфи табобаташ кардам ва ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ намудам, ки намерасад”.
Мирзоева илова намуд, ки писараш оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, қаблан дар ноҳия дар мағозае ба ҳайси ёрдамчӣ кор мекард: “Хоҳараш омодааст барои бародараш гурдаашро диҳад, аммо маблағи ҷарроҳӣ омода нест. Дар бонкҳо гуфтанд, қарзро танҳо барои соҳибкорӣ медиҳанд барои табобат қарз намедиҳанд”.
Момагул Мирзоева аз ҳамаи афроди саховатманди кишвар даъват кард, то ба ҳадди имкон барои муолиҷаи писараш дасти ёрӣ дароз кунанд: “Афроде, ки мехоҳанд хайр кунанд тариқи ин рақамҳо - 93 602 30 30 аз банкоматҳои Эсхата ба “Киви кошелёк” пул гузаронанд ва ё бо рақамҳои 93 602 30 30 бо писарамаки бемор дар тамос шаванд”.