Минбаъд маоши раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Президент муайян мекунад
Аз ин ба баъд музди меҳнати раисони ду палатаи Маҷлиси олии Тоҷикистонро ҳам раисҷумҳур муайян хоҳад кард.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон имрӯз, 14 июн лоиҳа ворид намудани илова ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ”-ро пазируфтанд.
Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, бар асоси ин тарҳ минбаъд маоши раиси ҳар ду палатаҳои парлумонро Президент муайян мекунад. То ин вақт музди меҳнати раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷониби вакилон муайян мегардид.
Ӯ афзуд, маоши вакилонро дар гузашта ҳам раисҷумҳур муайян мекард.
Амрихудои Дамдор баъди анҷоми ҷаласаи имрӯз дар суҳбат ба “Озодагон” ҳаҷми музди меҳнати вакилони Маҷслиси намояндагонро 5 ҳазор сомонӣ гуфт. Вай афзуд, давоми чор панҷ соли ахир ҳақмузди вакилон тағйир наёфтааст.