Манбаъ афзуд, нахустин парвози ин ширкат аз Душанбе ба Машҳад, танҳо бо 11 мусофир ва парвози бозгашт аз Машҳад ба Душанбе бо 8 мусофир анҷом шудааст. Гуфтанист, дар аввал ҳамаи хатти сайрҳо камодам ҳастанд ва муштариҳо оҳиста-оҳиста зиёд мешаванд. Зимнан, ба хотири ҷалби муштариён то соли нави мелодӣ ширкати «ТоҷикЭйр» қимати билетҳои парвозро арзонтар ба фурӯш гузоштааст. Дар ҳоли ҳозир арзиши чиптаи рафту баргашти Душанбе- Машҳад 200 евро будааст, аммо ба гуфти дафтари матбуотии корхонаи мазкур, қимати билет фақат ба як сӯ бояд 185 евро бошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки алъон ширкати «ТоҷикЭйр» дорои ёздаҳ ҳавопаймои фаъол аст, ки ба шаҳрҳои мухталифи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва Арабистон парвоз мекунанд.