Ҷоизаи ҷаҳонии “Помир энержӣ” барои додани нерӯ ба 255 ҳазор сокини куҳистон
Ширкати “Помир энержӣ”, барои таъмини 220,000 сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва беш аз 35,000 истиқоматкунандаи вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ дар соли 2017 соҳиби ҷоизаи бонуфузи “Ашден” гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бунёди рушди Оқохон, “Ашден” ҷоизаи эътирофгардидаи ҷаҳонӣ дар бахши энергияи устувор буда, ғолибон соҳиби 20 000 фунт стерлинг ва бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои рушди фаъолияти худ мегарданд. Дар назар аст, ки ҷоизаи “Ашден” ба “Помир энержӣ” 15 июни соли 2017 дар Ҷамъияти шоҳии ҷуғрофӣ дар Лондон супорида шавад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ин пирӯзиро шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки ҳамкории ҳукумат бо Бунёди Оқохон ва дигар шарикон, барои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар Тоҷикистон таҳкими равобит бо Афғонистони ҳамсоя имкон дод.
Далер Ҷумъаев, директори кулли “Помир Энержӣ”, изҳор доштааст, ки ин мукофот шаҳодати самарабахшии ҳамкории байни давлату бахши хусусӣ ва қобилияти шарикони рушд дар таъмини энергияи устувор дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа аст.
Дар мавриди дастовардҳои “Помир Энержӣ” оварда шудааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта қисми зиёди инфрасохтори энергетикӣ вайрон шуд ва понздаҳ сол қабл танҳо 13%-и хоҷагиҳо дар вилоят ба қувваи барқи маҳдуд дастрасӣ доштанд.
Барои ҳалли ин мушкилоти таъминот бо барқ дар соли 2002 Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Шабакаҳои рушди Оғохон дар асоси Шартномаи консессионӣ барои то соли 2027 таъмин намудани ВМКБ бо қувваи барқи боъэтимод дар давоми тамоми сол, аз ҷумла дар зимистон, нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – Ширкати “Помир Энерҷӣ”-ро таъсис дод.
Аз соли 2002 то кунун нахустин таҷрибаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ - “Помир Энерҷӣ” 11 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро барқарор ва беш аз 4,300 км хатҳои интиқоли барқ ва инчунин воситаҳои тақсимотиро азнавсозӣ намуд. Дар соли 2008 Ширкат тавассути дарёи Панҷ барои ҷамоатҳо дар шимоли Афғонистон – барои баъзеашон аввалин маротиба дар таърихашон - содироти қувваи барқро оғоз намуд. Кумаки Ҳукумати Швейсария тавассути Котиботи давлатӣ оид ба иқтисодёт (SECO) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ба туфайли механизмҳои инноватсионӣ ва технологияи мусоид барои таъмини нерӯи барқи дастрас барои оилаҳои камбизоат дар ВМКБ дар марҳилаҳои ҳассостарини лоиҳа аҳамияти ҳаётан муҳим дошт.
Тибқи иттилои “Помир энержӣ” ба ҳолати имрӯза 96%-и аҳолӣ дар ВМКБ, тақрибан 211, 200 нафар аз қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувор ва дастрас таъмин ҳастанд: “Хароҷоти миёнаи хонаводаҳо дар як моҳ барои истифодаи энергия тақрибан аз 98 доллари ИМА то 7 долари ИМА кам шудааст”.
Доварони “Ашден” таҷрибаи “Помир Энерҷӣ”-ро барои таъминоти тамоми аҳолии минтақаҳои дурдаст бо қувваи барқ ибратбахш хонда, афзудааст, ки ин лоиҳаро метавон дар дигар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷаҳон истифода бурд: “Маҳз дар асоси ҳалли талаботи мардум ба қувваи барқ ва тақсимоти самараноки он Ширкат беҳдошти сифати зиндагии сокинони маҳаллиро ба роҳ мемонад”.