Шаҳрвандони Тоҷикистон дар гаравгонгирӣ ва қатли ҳамватанашон гумонбар мешаванд
Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ба асорат гирифтан ва қатли табааи дигари Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Ба фарзияи тафтишот, моҳи апрели соли 2016 яке аз ин панҷ нафар дар ҳудуди бозори Каширински вилояти Челябинск соҳибкори тоҷикро бо баҳонаи бофтае ба манзиле дар хиёбони Комсомол меорад. Инҷо муттаҳамони дигар ба ӯ дармеафтанд: “Бо таҳдиди таппончаи пневматикӣ дастҳояшро бо дастпона баста, пойҳояшро бо скоч мебанданд. Баъди он бо таҳдиди паҳн кардани хабарҳо дар мавриди он ки гӯиё ин соҳибкор ба қочоқи маводи мухаддир машғул аст ва таҳдиди куштан, аз вай 3 миллион рубл талаб кардаанд”,-хабар додааст дафтари матбуоти додситонии Челябинск.
Баъди ин, мошини соҳибкорро ҷустуҷӯ намуда, беш аз 1,8 миллион рублро гирифтаанд. Рӯзи дигар вақте мефаҳманд, ки наздикони соҳибкор ба пулис аз бедарак шуданаш хабар додаанд, ӯро бо истифодаи бастаи полиэтиленӣ буғӣ карда, ҷасадашро пинҳон мекунанд.