Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и кишварҳои узви СПАД дар Маскав аз Русия ва котиботи ин созмон ҷиҳати истиқболи гарм ва пазироӣ изҳори сипос кард.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурии мо бо риояи принсипҳои рушди ҳамкории созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аҳамияти махсуси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳалли масъалаҳои таъмини амният дар минтақа таъкид мекунад. Зарифӣ бо ишора ба давраи инкишофи босуръати технологияҳои муосир гуфт, кишварҳо бо зуҳуроте, ба монанди набардҳои шабакавӣ рӯ ба рӯ шуданд, ва дар ин самт Созмон наметавонад чолишҳоеро, ки аз киберфазо маншаъ мегиранд, аз мадди назар дур кунад: «Дар байни масъалаҳои баррасишаванда, имрӯз мо қарорҳои рӯзмарраро дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва созмондиҳии алоқаи видеоконфронсии ҳифзшуда матраҳ мекунем, ки қабули онҳо дар ҷодаи муқобилияти ҳамоҳангшуда ба таҳдиду хатарҳо ва аксуламал ба ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи масъулияти СПАД саривақт аст.Аз самтҳои авлавиятнок мубориза алайҳи чунин таҳдиду чолишҳо, ба монанди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, паҳнсозии яроқи қатли ом бамаврид боқӣ мемонад.Аҳамияти ҷилавгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои фалокатҳои техногенӣ, табиӣ ва экологӣ боло меравад.Ба амнияти минтақавӣ хатарҳои беруна, дар навбати аввал аз Афғонистон, таъсири ҷиддӣ мерасонанд».
-Баровардани нерӯҳои низомии байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон, ки соли 2014 сурат хоҳад гирифт, метавонад ба ташаннуҷи вазъ дар минтақа оварда расонад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории СПАД бо дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз ва ҷониби Афғонистон баҳри татбиқи амалҳои муштараки ба таъмини амнияти минтақавӣ нигаронидашуда нақши муҳим мебозад,-гуфт Зарифӣ. Дар ин робита, қабули қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амният, ки аз ҳудуди Афғонистон сарчашма мегиранд”, хеле бамаврид мебошад.