Алексей Навалний боздошт шуд
Алексей Навалний, яке аз сарсахттарин мухолифони Ҳукумати Русия боздошт шудааст. Юлия Навалная, ҳамсари ин сиёсатмадор дар сафҳаи "Твиттер"-аш навишт, Навалний чанд лаҳза қабл аз оғози эътирозҳои “зидди фасод”, дар назди гузаргоҳи манзили зисташ дар Маскав дастгир шудааст. Юлия аз қавли ҳамсараш дар хитоб ба ҷонибдоронаш навиштааст, ба раҳпаймоӣ идома бидиҳанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ҷонибдорони Алексей Навалний дар беш аз 200 шаҳру ноҳияҳои Русия алайҳи “фасод” роҳпаймоӣ хоҳанд кард.
Қаблан, Навалний аз тарафдоронаш даъват кард, 12 июн алайҳи фасод ба кӯчаҳо бароянд.
Алексей Навалний, ки раҳбари Фонди мубориза бо коррупсия ҳаст, бо нашри чанд навор мақомдорони Русия, аз ҷумла Дмитрий Медведевро дар фасод муттаҳам кард.
26 март низ дар шаҳрҳои бузурги Русия чунин як гирдиҳамоӣ баргузор ва дар пайи он низ Навалний боздошт шуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав Навалнийро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 10 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.