Вазири афғон: Русия мехоҳад, тариқи CASA-1000 барқи “Сангтӯда 1”-ро фурӯшад
Русия хостааст, дар лоиҳаи бунёди CASA-1000, хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон иштирок кунад.
Дар ин бора Алӣ Аҳмад Oсмонӣ, вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳошияи намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вазири об ва энергетикаи Афғонистон дархост аз ҷониби Русия зери имзои муовини вазири энергетикаи ин кишвар ворид шудааст ва Кобул онро пазируфт: “Мо чанде пеш аз ҳукумати Русия дархосте гирифтем, ки эшон хосторанд дар лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, ҳамроҳ шаванд. Онҳо мехоҳанд ду хатро якҷо карда дар содироти неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ ширкат кунанд, зеро Русия дар Тоҷикистон НБО-и Сангтӯдаро дорад”.
Лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ карда, арзиши лоиҳа - $ 1 миллиардро ташкил медиҳад. НБО-и Сангтуда -1, ки иқтидори умумияш 670 мВт аст, соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда 75% саҳмияҳояш ба Русия 25% ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.