IOM барои беҳтарин навишта дар бораи муҳоҷират ба донишҷӯён ҷоиза медиҳад
Созмони байналмилалии муҳоҷират барои беҳтарин матлаб дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни донишҷӯён озмун эълон кардааст.
Намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мегӯяд, шарти аслӣ ин аст, ки матлабҳо аз 7 июн то 30 июли соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шаванд: “Се муаллифи матлаби беҳтарин ҷоизо хоҳанд гирифт”.
Манбаъ мегӯяд, донишҷӯён матлабҳои худро ба манзили электронии applications.tj@iom.int бифиристанд.