Банди нав: Таъини ҷазо барои пинҳон кардани шаҳрвандии дуюм
Мақомоти Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банди нав ворид намудаанд, ки бар асоси он мансабгирон барои пинҳон намудани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима баста мешаванд.
Тибқи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ахиран аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд, шахсоне, ки доштани шаҳрвандии кишвари дигарро ҳангоми интихоб ё таъин ба мақоми давлатӣ пинҳон мекунанд, ҷаримабандӣ мешаванд.
Манбаъ ҳаҷми ҷаримаро аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мутаносибан аз 1 то 1,5 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси тағйироти ахир ба қонунгузории кишвар доштани шаҳрвандии кишвари дигар барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти қонунгузор ва хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.