Мусалмонҳои парлумони Бритониё бештар шуданд
Дар интихоботи ахири парлумонии Бритониё мусалмонҳои бештаре соҳиби курсии вакилӣ шудаанд.
Нашрияи “Ал-Арабия” навиштааст, аз 650 курсии вакилӣ дар парлумони Бритониё 15-тоаш насиби мусалмонҳо гардидааст. Аз ин миён 8 нафар ҷинси латиф будаанд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳамагӣ 8 курсӣ дар ихтиёри мусалмонҳо буд.
Бар пояи омори расмӣ, аз ҷамъияти 63 миллионии Бритониё 3,5 миллион ё 5,5 дарсадро мусалмонҳо ташкил медиҳанд.