Ҳукумат ба Кумитаи нав 76 ҷойу 4 мошин дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи май бо имзои як қарор Кумита оид ба рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро ташкил додааст.
Тибқи қарори имзокардаи раисиҷумҳур барои Кумитаи нав 32 воҳиди корӣ дар дастгоҳи марказӣ ва 44 воҳиди корӣ дар мақомоти вилоятию ноҳиявӣ ҷудо гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои раиси Кумитаи нав, доштани ду муовин, аз ҷумла муовини аввал иҷозат дода, теъдоди мошинҳои хидматиро барои Кумита 4 адад муайян намудааст.
Раисиҷумҳур масъулинро муваззаф кардаст, ки тамоми тағйироти дахлдорро ба қонунгузории кишвар давоми ду моҳи оянда ворид намоянд.
Кумитаи нави рушди сайёҳӣ дар пайи паёми раисиҷумҳур ба парлумон ташкил шуда, ҳадафи он такон додан ба рушди соҳа арзёбӣ мешавад.