Боздошти директори мактаб барои қасди “аттестат”-фурӯшӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти директори мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар гирифтани пора барои омода кардани шаҳодатномаи хатм муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Ҷурахон Ғуломов, директори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Кӯлоб аз шаҳрванд «А» барои омода ва додани шаҳодатнома барои хатми синфи 9, 8 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Ғуломов пас аз гирифтани маблағ дар утоқи кориаш аз ҷониби мақомот дастгир гардидааст: “Маблағи мазкур аз сандуқи оҳанини утоқи кориаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд”.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ алайҳи Ҷурахон Ғуломов бо моддаи 319 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ ( гирифтани пора) парванда оғоз шуда, ба суд ирсол гардид.