СММ теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълон кард
Давоми 16 моҳи ахир теъдоди ҷангиёни гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хабар додааст.
Ба гузориши мутахассисони СММ дар ҳоли ҳозир дар Сурия ва Ироқ аз 12 то 20 ҳазор ҷангии ДИИШ меҷанганд. Дар баробари коҳиши теъдоди ҷангҷӯён ҳамчунин ба сафи ин гуруҳи ифротӣ пайвастани шаҳрвандони хориҷӣ ҳам кам шудааст. Сармоягузории ин гуруҳ низ ба ҳадди ниҳоӣ поин рафтааст. Мутахассисони СММ гуфтаанд, ҳоло хавфи асосӣ аз маҳалҳои низоъ ба кишварҳои худ рафтани ҷангҷӯён аст.
Гуруҳи даҳшатафкани ба ном “Давлати исломӣ” соли 2014 як қисмати бузурги Сурия ва Ироқро ишғол кард. Ин гуруҳ бо қатлҳои ваҳшиёна ва нашри онҳо дар интернет маъруф аст.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар саффи ин гуруҳ меҷанганд, кам нест ва то имрӯз хабари кушта шудани садҳо тани онҳо расонаӣ шудааст. Маъруфтарин ҷангии тоҷики ДИИШ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН аст, ки Ҳукумати ИМА барои маълумот дар бораи ӯ 3 миллион доллар ваъда кард.