Идомаи ҷамъоварии пули таъмири мактаб баъди қарори ҳукумат
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳама гуна ҷамъоварии маблағро барои таъмири бинои боғчаву мактабҳо манъ намуд.
Тибқи иттилои шаҳрдории Хуҷанд, Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳр изҳор доштааст, ки аз ин ба баъд, барои таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла боғчаву мактабҳо, аз буҷаи шаҳр маблағ ҷудо карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки дар маъмурияти шаҳр бо директорони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна вохўрӣ сурат гирифта, зикр гардидааст, ки «ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими мактабу муассисаҳои томактабӣ ба пуррагӣ манъ карда шуд».
Манъи ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими бинои боғчаву мактабҳо дар ҳолест, ки бархе аз волидайн аллакай барои он маблағи заруриро супоридаанд. Бархеи дигар ҳанўз ҳам аз ҷамъоварии маблағ барои таъмири бинои боғчаҳо нигаронӣ доранд, ки «гўиё бархе аз боғчаҳои шаҳри Хуҷанд аз 35 то 150 сомонӣ маблағ ҷамъ менамоянд».